Мо худ з кием ва аз кадомем

Дар зумраи ошиқон чаҳ номем

Чун мурғи асири пуршикаста

Дар шасти ду зулфи ту ба домем

Дар фарзи дуои давлати ту

Як лаҳзаи магари з ҷон давомем

Аз аҳди ғам ту барнагардем

Андари раҳ ошиқӣ тамомем

Аз оташи меҳнати фироқат

Пухтем вале ҳануз хомем

Аз ваъдаи васли ёри имшаб

Бозо ки дар интизор шомем

Будем чу оҳӯони ваҳшӣ

Лекин ба каманд дӯст ромем