Чу зулф дӯст барошуфт рӯзгори ҷаҳон

Аз он бирафт чунин сар ба сари қарори ҷаҳон

Агарчӣ нест вафо дар мизоҷ ӯ лекин

Куҷо касе ки ҳазар мекунад зи кори ҷаҳон

Ҷаҳон накард вафо бо касе ва ҳам накунад

Ниҳодаанд бад-инсон магари қарори ҷаҳон

з бевафое ӯ танг дил машав зинҳор

Чаҳ чора чун ки чунинаст кору бори ҷаҳон

Чаҳ шарҳи ғуссаи даврони даҳум ки бар дили ман

Ҳазор бор нишаста зи раҳгузори ҷаҳон

Ҷаҳон сифла баровард ҳам ба теғи ҷафо

Дамори зулму таъаддии зи рӯзгори ҷаҳон

Кадом дард бигӯям ки аз ҷафо чаҳ накард

Ба ҳоли зори дилами ҷавр бе шумори ҷаҳон

Накард рости тарозуии меҳри саррофаш

Аз он сабаб нагирифтаст каси айёри ҷаҳон

Агар ҷаҳони ҳамаи гулзор буд аз ситамаш

Нарафт дар дили ришам ба ғайри хори ҷаҳон

Арӯси чеҳра ӯ рангу бӯ басӣ дорад

Вале намонад ба даст касенигор ҷаҳон

Нараст шохи умедӣ ба гулшани васлаш

Начед як гули рангин касе зи бори ҷаҳон

Ки хӯрд ҷуръаи обии зи чашмаи нӯшаш

Ки дид сабзаи хуррам ба марғзори ҷаҳон

Ки чиди як гули меҳр аз дарахти қомат ӯ

Ки оқибат бишуд аз ҷону сари нисори ҷаҳон

Фиреб ва ишва диҳад ӯ басӣ вале оқил

Куҷо наад дилу ҷонро ба навбаҳори ҷаҳон

Ба гирди боғи висолаши басии бгрдидм

Набӯдааст биҷузи хӯни дили смори ҷаҳон

Ҳалоки сарвқадону заволи моҳи рухон

Ҷузин чаҳ буд ба олам дигар шикори ҷаҳон

Шароби мастии даври замона гарчи хушаст

Ба ҷони ту ки наярзад дамии хумори ҷаҳон

Бабради аввали боРоми зи дасти ҳушу хирад

Накард як назари охир ба ҳоли зори ҷаҳон

Қарор агар набӯд дар ҷаҳони ҷҳонбон ро

Бигӯ қарор ки будаст дар канори ҷаҳон

Ғам ҷаҳон натавон хӯрд беш азин эй дил

Ки пеши аҳл хирад нест эътибори ҷаҳон