Ҷонои ду абрӯии ту ҳилолӣ хамида аст

Чун он ҳилоли дида ӣ ақлам надида аст

Аз ҳад мабар ҷафо ва биандеш аз вафо

Зон рӯ ки хори ҷаври ту дар ҷон халида аст

Доне ки ҳоли зори ман хастаи дил чаҳ шуд

Ҷонам ба лаби зи дасти ҷафоят расида аст

Қадари висоли каъба рӯй ту длбро

Донад касе ки роҳи биёбон бурӣда аст

Мурғи дили заъифи ман эй нури дидагон

Андари ҳавои кӯй висолат парида аст

Гӯйӣ ки сабри чора ӣ карт буд вале

Сабр аз барам чу оҳӯии ваҳшӣ рамида аст

Мо бо хаёли дӯсти ҳама шаб мусоҳибем

Лекин ба роҳи шавқи дил мо парида аст

Моро ба ҷуз ғамаш набӯд дар ҷаҳон касе

Гарчи ба ҷои ман дгарӣ баргузӣда аст