эй сарви сеӣ қад ба сӯии мо гузарӣ кун

Бар ҳоли дили сӯхтагонат назарӣ кун

эй боди сабои мо зи ғамат бе хброним

Аз ҳоли дил бехабаронаш хабарӣ кун

эй оҳи ғами олӯда ки дар синаи мое

Андари дили сангиннигорам асарӣ кун

эй ғами ту ба вайронаи ин дил чаҳ нишастӣ

Оташкада гаштаст аз онҷо сафарӣ кун

эй дӯсти туро ошиқу дилдода басӣ ҳаст

Аз баҳри худои ҷавру ситам бо дгарӣ кун

эй бехи вафо дар дили тангам чаҳ брстӣ

Аз миваи васли бути мҳрў самарӣ кун

эй гулбуни умеди дилу ҷони ҷаҳонӣ

Дар боғи дили хастаи мо бор ва барӣ кун

эй дӯсти дил ар медиҳадат бар қади он ёр

Аз рӯй иродат ба намекамарӣ кун