Дили саргашта ҳайрон бирав тарк муноҳӣ кун
Биё бар маснад ҷонам нишин ва подшоҳӣ кун
Агар хоҳии гуноҳатро ки пӯшади пардаи афвӣ
Сиришки дида ҳамчун хӯну ранг рӯй коҳӣ кун
Агар дар висолашро ту ҷӯёе чу ғаввосон
Ба дарёии ғам ишқаш бирав ғӯта чу моҳӣ кун
Агар шарҳи ғами дилро нависии пеши дилдорон
Мадад аз дида май бояд қаламро дар сиёҳӣ кун
Манам Тифли бшири ғами з канъон гашта саргардон
Худовандо ба фазли худ назар бар бегуноҳӣ кун
Басӣ гуфтам мадаи худро ба сӯратҳои бе маънӣ
зи пеш мо бирав эй дили ту доне ҳар чаҳ хоҳӣ кун
Дили пари дард бедармон бирав дар гӯша Эй биншин
Махӯр ғам дар ҷаҳону такя бар лутф илоҳӣ кун