Нишин ба тахти дили мо ва подшоҳӣ кун

Бидиҳ ту дод дили мо ва ҳарчӣ хоҳӣ кун

Гувоҳи хӯни дили мости мардуми дида

Ту чашми сӯии ману гӯш бар гувоҳӣ кун

Ки хӯни дил ба фироқати зи дида май борад

зи васли хештанаши зуд узрхоҳӣ кун

Вагар зи мардум чашмам намекунӣ бовар

Назар ба ашк чу марҷону ранг коҳӣ кун

Манам гадои сари кӯии ту дареғи мадор

Назари зи ҳоли фурӯмондагон ва шоҳӣ кун

Дарин ҷаҳон агарат васли дӯст май бояд

Биё ва аз дилу ҷони оҳ субҳгоҳӣ кун