Мӯят ба офтоби рух эй ҷон раҳо макун
Шабро зи субҳ рӯй ки гуфтат ҷудо макун
Бо дӯстон вафо куну зин беш сар мапӣч
Аз мо ва бар дили ман хаста ҷафо макун
Аз ки шунидае бути ма рӯй бе вафо
Бо мухлисони хеш ҷафо кун вафо макун
Ҳастӣ табиби дарди дили хастагони ҳиҷр
Дарди маро ки гуфт худоро даво макун
Бегона хуй гаштае эй нозанин чаро
Зини бештари ҷафои ту барин ошно макун
Тарки хатое аз ту хато нест булъаҷаб
Як раҳ вафо намой ва аз ин пас хато макун
эй подшоҳи сӯрату маънии ту дар ҷаҳон
Раҳмат ки гуфт бар ман зор гадо макун