эй нигорин зулфи шбрнгт ба гул парчин макун
Абрувон чун ҳилолатро ба ма парчин макун
Сӯрати худро чу мебинӣ бибин дар оина
Лекин эй ҷони таънаҳо бар лаъибатон чин макун
Гар ту даъвӣ мекунӣ шатранҷи ишқаш бохтан
Гарчи лҷлоҷӣ дило ин арсаро парчин макун
Ҷонам аз ҳиҷрат ба ҷон омад з рӯй мардумӣ
Ҳсбтои ллаҳи ҷафо бар бедилон чандин макун
Гуфтае ёрӣ дигар гирам ба тарк ӯ кунам
Ҳарчӣ мехоҳӣ бикун бо мо худоро ин макун
Дар фироқ рӯй чун моҳи тамомати длбро
Доманамро беш азин аз хӯни дил рангин макун
Чун ман мискин на марди дасту бозуии тавъам
эй ҷафоҷу беш азин асби ҷафоро зин макун
Гар гуноҳӣ карда ам бигузар з рӯй лутф аз он
эйнигор нозанини нозанинон ин макун
Чун туе дар шодӣу нозу Наими ин ҷаҳон
Хотири бечорагонро беш азин ғамгин макун