Дили ман аз ғам ишқат харобаст
Ҷигар бар оташ ҳиҷрон кабобаст
Назар бар ҳол зорам кун ки ллаҳ
Назар бар хастагон кардан савобаст
Табиби ман туе охири давое
Бикун коҳўоли ин бедил харобаст
Бигуфто сабр май бояд дар ин кор
Агарчӣ ошиқӣ инат ҷавобаст
Бадв гуфтам ки сабрам нест то кӣ
зи ҳиҷрони ҷони мискин дар азобаст
Нагӯйӣ сабр аз он рӯ чун тавон кард
Рахти доне ки рашк офтобаст
Манам чун зарраи саргардон аз он рӯй
Ки хуршеди ҷамолаш дар ниқобаст
Парешони ҳолам аз шабҳои ҳиҷрон
Чу зулфи мшкборши пар з тобаст
Нагардад чашми бахтами ҳеҷ бедор
Ки чашми нимаи масташи пар з хобаст
Ба ҳолам гар кунӣ раҳмат чаҳ бошад
Ҷҳонбонӣ чу медоне савобаст