Қади ту сарви нози ман ҳиҷри ту ҷони гудози ман
Бар рух чун маат бибин эй дилу ҷони ниёзи ман
Каъбаи рӯят эй санами қиблаи ҷони ман буд
Зон сабаб эй ду дида ам ҳаст дарави намози ман
Ноз макун ту беш азин бар ман хаста раҳм кун
Гарчи ба бӯстон буд қади ту сарви нози ман
Чанд кунӣ чу хокмони паст ва ба боди бардаӣ
Чанд зи мо ту саркашӣ эй бути сарфарози ман
Ҳоли ман рамида дил кист ки гуядам ба ёр
Боди сабо ба гӯш ӯ ҳам бирасон ту рози ман
Кори ман заъифро аз сари лутф худ бисоз
Ҷузи ту касе набошадам эй зи ту баргу сози ман
Ҳоли ман ва ту дар ҷаҳон мисл кабӯтарасту боз
Дил чу кабӯтари заъифи ишқи ту шоҳбози ман