эй бори ғами ту бар дили ман
Меҳр ту сиришта дар гули ман
Охир чаҳ шавад ба лутфи осон
Аз васл кунӣ ту мушкили ман
Гуфтам зи ту кӣ шавам шабии давр
Бингар ту хаёли ботили ман
Дар ишқ рахт набӯд ҷузи ғам
эй нури ду дидаи ҳосили ман
ӯ сарви сеӣ ва ман чу хокам
Охири з чаҳ нест моили ман
Гуфтам накунад зи мо сабурӣ
Мискини дили танги ғофили ман
эй дӯст мудом истодаст
Нақши рухи ту муқобили ман
Гар хок шавам магар ки меҳрат
Берун равад аз мафосили ман
Гар ҷумла ҷаҳон шаванд ҳурӣ
Ҷузи меҳр ту нест дар дили ман