Бигушоӣ дар раҳмат бар рӯй ман мискин
Бурдор зи лутфи худ ғамро зи дили ғамгин
Ғамгини дили бечора бекас шуду саргардон
То чанд чунин бошӣ саргашта дамӣ биншин
Биншин зи ҳавас то кӣ дар гирди ҷаҳони гардӣ
Фориғи шӯи азин маънии венаи арса дамӣ барчин
Бар чини сари зулфаши пари чин шуда ин дилҳо
Чун булбули шӯрида бар рӯй гули рангин
Рангин чу гул рӯйиш нашикуфт ба бустонҳо
Чун сӯрати зебояш ҳаргиз набӯд дар чин
Дар чин шудаи абрӯяш бо мо з чаҳ рӯ бошад
Аз рӯй хатои чашмаши афтода ба мо чандин
Чандин чаҳ кунӣ ёрои ин ҷавру ҷафо бар мо
То чанд тавон кардан ин асби ҷафоро зин
Дар зини қадаши чандин эй шоҳи ҷаҳони орой
Рух бар рухи ҷонам на ман бо ту надорам кин
Кин аз чаҳ сабаби дорӣ бо ин дили шӯрида
Пайвастаи марои дории саргаштаи ту чун фарзин