То маро шуд сояи зулфати паноҳ
Гашт аз ошуфтагии ҳолами табоҳ
намекунам аз пуштии зулфи каҷат
Хонаи дилро ба дасти худ сиёҳ
Гӯиё дар васфи зулфу холи тест
Ҳосили ин байт чун кардам нигоҳ
Дар сари зулфи ту сад Лайлии асир
Дар занхдони ту сад Юсуф ба чоҳ
Дидаи мардум дор бошад чашми ту
Хотир мардум намедорад нигоҳ
Чанд резади хӯн ҳар бечора Эй
Чанд гирад нукта бар ҳар бе гуноҳ
Хок роҳат шуд вуҷӯдам то магар
Уфтадат рӯзии гузар бар хоки роҳ
Раҳматӣ кун бар гадои хештан
Чун шудӣ бар малики хӯбии подшоҳ
Оҳи ман дар санг хоро кард асар
Дар дили сангин ту нагирифт оҳ
Ҳаркасӣ дорад паноҳӣу маро
Нест ҷуз дар сояи лутфати паноҳ
То ҷаҳон бошад паноҳи ман туе
Бар ҷаҳони охир назар кун гоҳи гоҳ