Гар кунад майли ҷафои дилбар ман гӯям чаҳ

Вар диҳад тарки ману аҳд вафо гӯям чаҳ

Дили бабрад аз ману хӯни риздм акнӯн аз чашм

Дорад ин ҷурм бар ин хаста раво гӯям чаҳ

Подшоҳӣаст агар ҷон бинавозад ба карам

Вар баранд зи сари кӯй гадо гӯям чаҳ

Гар табибони ҷаҳони дарди дил хаста кунанд

Аз лаби лаъли ту эй дӯст даво гӯям чаҳ

Гуфтае дида бидӯз аз қаду болой чу сарв

Сарви қадаш чу кунад нашав ва намо гӯям чаҳ

Ман ба дидор шудаи қонеъ аз он рӯй чу моҳ

Гар бигӯед ба сари кӯи ту мё гӯям чаҳ

Гар бигӯед шаби дилхоҳ ба умеди висол

Ту бидиҳ ҷону ҷаҳонро ба баҳо гӯям чаҳ