эй салотини ҷаҳони пеши рахти банда шуда
Вази дами исавӣати ҷони ҷаҳони зинда шуда
Аз ҳаёии сари зулфи ту бунафша дар боғ
Пеши хоки кафи пои ту сарафканда шуда
Ҳар саҳаргоҳ ба парвонаи моҳи рухи ту
Шамъи хуршеди ҷҳонтоби фурӯзанда шуда
Ба ҳавои сари зулфи ту дили халқи ҷаҳон
Рафта бар боду парешону пароканда шуда
Сарви озод ба сарсабзии шамшоди қадат
То сар афроз шавад дар чаманати банда шуда
Ҳаркии як шаб шуда аз шамъи рахти равшани чашм
Рӯзи иқбол бар ӯ фарруху фархунда шуда
То гул рӯй ту дар боғи ҷаҳони бишкуфта
Даҳани мо чу лаби ғунчаи пар аз ханда шуда