Фарёди зи ҷаври ин замона
Вази дасти ҷафои он ягона
Хӯни дили ман зи ҳиҷри рӯят
Гаштаст з дидаам равона
Махмури фироқи бомдодон
Мастаст зи бодаи шабона
Фарёд ки оташи фироқаш
Ҳар лаҳза ҳаме занад забона
Брбўди дилами зи дасти борӣ
Дилбар ба ду чашми оҳӯона
Мискини дили ман зи холу зулфаш
Саргашта чу гӯаст дар миёна
Чун сарви сеӣ ҷӯйборӣ
То чанд кунӣ зи мо карона
То ҷон ба ҷаҳон буд нигоро
Фарёд занем ошиқона
Аз хӯни ҷигар ки рафтам аз чашм
Бигирифт ба рӯй мо нишона
Умрии ту ва чист хуштар аз умр
Фарёд ки нест ҷовдона