Ошиқонатро дигар дар ҷуст ва ҷӯ оварда Эй

Толибони васлро дар гуфт ва гӯ оварда Эй

Накҳати анбар ҳаме ёбад димоғи ҷони магар

эй сабо аз зулфи дилдорами ту бӯ оварда Эй

Тори зулфати сохтӣ чавгон ба майдони ҷафо

Бедилонро дил ба назд худ чу гӯй оварда Эй

Ҳаркасӣ доранд ишқ чашма навишт вале

Бодпимоён чу хоки раҳ ба кӯ оварда Эй

Ман чунин маҳрӯму маҳзун дар фироқи ёр ва ту

эй дили охир бонигорам рӯ ба рӯ оварда Эй

Дшмнонмро ба ҳиҷрами шод ва хуррам карда Эй

Дӯстонатро зи дидаи хӯн ба ҷӯ оварда Эй

Чун насим субҳдам омад з кӯяш гуфтамаш

Қиссаи дарди ҷаҳонро мӯ ба мӯ оварда Эй