Ки дорад дар ду олам чун ту ёрӣ

Ба қади сарви сеӣ рух чун нигорӣ

Вафо дар дили надории як сари мӯӣ

Ба майдони ҷафои чобуки саворӣ

Дилами Фрсўд дар банди фироқаш

Надорам бар висолаши ихтиёрӣ

Дили мискини мо аз по даромад

намеуфтад ба дасти мо нигорӣ

Агарчӣ бор дорам бар дил аз ту

Биҷуз ишқат надорам ҳеҷ корӣ

зи чашмати мастам эй дилдор ва дорам

зи лаъли дилкашат дар сари хуморӣ

Нишастам бар сари хоки раҳати хуш

Чу сарв ноз кун бар мо гузорӣ

Ба ҷон омад дилам аз бурдборӣ

Назари сӯй ҷаҳон андоз борӣ

Назар бар ман накард он сарви озод

Ҷаҳонро нест пешаши эътиборӣ