Дило ту то ба ғами ишқ дар ҷаҳон бошӣ

Миёни халқи ҷаҳон бесухан чу ҷон бошӣ

Чу наргисам шудаи бемор то ба кӣ бо мо

Чу сӯсан эй бути мҳрўии даҳ забон бошӣ

Агар зи насл банӣ одамӣ бигӯ охир

Чаро зи дида ӣ мо чун парӣ ниҳон бошӣ

зи ҳади гузашти марои шарҳи ҳоли ишқ эй дил

Қалами сифати ту зи ғам чанд сар давон бошӣ

Нигор хуш ба сари нози болаши умед

Ба хоби хуши ту чаро сар бар остон бошӣ

Фроғтисти туро аз ҷаҳон бигӯ то чанд

Мудом бар сари бозор достон бошӣ

Ҳазор ҷон ба фидоят кунам ман аз сари шавқ

Миёни боғи дили ман ту чун равон бошӣ