Дило то кӣ чунин саргашта бошӣ
Ба теғи рӯзи ҳиҷрон хаста бошӣ
зи бори ҳиҷри он дилдор то кӣ
Чу зулфи дилбарон бишкаста бошӣ
Сарангуштони дилбанди ту то кӣ
Ба хӯни нотавон ришта бошӣ
Ба тухм бе вафоеи хотират ро
Чаро эй нури дида кушта бошӣ
Саросари синаи маҷрӯҳи мо ро
зи хуноби ҷигар оғишта бошӣ
Вале чун ман ҳазорат бандаи доим
Ба қайд оварда бозаш ҳашта бошӣ
Дило дар сӯзан васлаш наганҷӣ
Агар дар ҳиҷр ӯ чун ришта бошӣ
Нагӯйӣ то ба кӣ эй дили худо ро
зи ишқаш дар ҷаҳон саргашта бошӣ
Худо донад ки ту то чанд ошиқ
Ба хӯни дили зи ҳиҷрон кушта бошӣ