Дило то кӣ чунин девона бошӣ
зи хешу ошно бегона бошӣ
Ба пеши шамъ рӯй моҳрӯён
Дар оташи зор чун парвона бошӣ
Зада дар зулфи хубони рӯзу шаби чанг
Ба сад дасти амл чун шона бошӣ
Миёни вартаи ғарқоби ҳиҷрон
Ба ҷусту ҷӯии он дурдона бошӣ
Баҳор ва гул расед эй дили ту то кӣ
Чунин маҳзуни дарин кошона бошӣ
Буруни рӯи охир эй ғам аз дили ман
Наганҷӣ чанд дар вайрона бошӣ
Чу афсуни ту дар ваии дрнгирд
Чаро андари пай афсона бошӣ