Дило то кӣ ба дарди ишқи нолӣ

Магар дар боғ бо булбули ҳамило

Ба бустони субҳдам бар рӯй чун гул

Бинол эй дил чу ошиқ бар ҷамолӣ

Ба рӯяти сахти муштоқами нигоро

Ту аз ман гарчи дар айни малолӣ

Ту аз ман фориғ ва ман дар такопуӣ

Шабу рӯзами ҳавоӣу хаёлӣ

Чаро дории ман саргаштаи пайваст

зи тоби зулфу абрӯии ҳилолӣ

Чаро бе ҷурми хӯн ман бирезӣ

Ба теғи ғамзау чашми Ғаззолӣ

Серум будӣ ҳамеша пари зи савдо

зи зулф ӯ гирифт ошуфтаи ҳоле

Кмоҳии толеъи шерам ки умрӣаст

Ки то аз ахтари бад дар ваболӣ

Шарафи ёбӣ чу андари бурҷи саъдат

Барояд офтоби лоязолӣ

Ба ҷон омад дилам аз дасти ҳиҷрон

Саодат боз хоҳам аз висолӣ

Биҷузи васл аз ҷаҳон охир бигӯед

Чаҳ бошад коми риндии лоуболӣ