Ҷаҳон бигирифт боз аз сари ҷавонӣ
Расед айёми айшу Комронӣ
Баҳору наргису беду бунафша
Канори ҷӯйу рӯзи шодмонӣ
Шукуфтаи арғавону сӯсани озод
Чамани сабзу шароби арғавонӣ
Кунунат эй ъзизо қадар бишнос
Мада бар боди ғами умру ҷавонӣ
Ба рухи андари чаман ҳамчун гули нав
Ба қад дар боғи сарви бӯстонӣ
Ба ҷон омад дилам дар дарди ишқат
Макун зин беш бо мо длстонӣ
Маро дар сар ба ҷои нури чашмӣ
Маро дар тани ту чун рӯҳу равонӣ
Рақиб бехирад чандам диҳии панд
Ту қадари рӯзи васл ӯ чаҳ доне
зи тоби ҳиҷр ҷонон машкан эй дил
Ки баҳри рӯзи васлаш дар ҷаҳонӣ