Ҷафо то кӣ кунӣ бар мо нагӯйӣ
Ба хӯн дида рӯем чанд шӯе
Ба ҷон омад дили ман аз ҷафоят
Макун зин беш бо мо тундхуе
Макун зин беш хорӣ бар азизон
Ки дар олам намонад ҷузи никуӣ
Чу ҷон ва дил бидодам дар ғами ту
Бигӯ то аз ман мискин чаҳ ҷӯӣ
Дило биншину кунҷи офияти гир
Ба кӯй бевафоён чанд пўиӣ
Надорад бо ман ӯ ёрӣ надорад
Ҷаҳон бо дард бедармон чаҳ гӯйӣ
Биҷуз сабрат набошад ҳеҷ тадбир
Ки бо дарду ғамаши сангу сабуе
Чу рафтат обрӯ дар ишқи бозӣ
Макун бо табъу хеши сахти рӯе
Ба ҷони ту ки буи меҳрат ояд
Агар як рӯзи хоки мо ббўиӣ