Дар чашми мо хаёли сеӣ сарв бас хушаст
Қади санавбараш бар мо хуб ва дилкашаст
Бар ёди он ду рӯй чу гулнору лаъли лаб
Ҳамчун сапанди ҷони ҷаҳонӣ бар оташаст
Он тарки нимаи маст чаҳ хӯрдаст гўиё
Каз бода ҳар ду наргис ӯ маст ва сар хушаст
Зулфи туро чаҳ буд ки аз боди субҳдам
Доим чу хотири ман мискин мушавваш аст
Мо сари ниҳода дар қадами он санам ба роҳ
Сарв қадаш кашида ба ҳар ҷо ва саркашаст
Рӯзии зи зулфи дӯсти насимӣ ба дил расед
Ҷони ҷаҳон ҳануз аз он буи дар ғашаст
Аз дасти рӯзи ҳиҷри ту ин нури чашми ман
Дасти дилами зи хӯни ду дида мунаққашаст