Бидор эй нозанини ёр аз ҷафои даст

Ки бар васлат намебошад марои даст

Табиби ман ба ҳолам раҳматӣ кун

Ки дар дардат надорам бар давои даст

Манам афтода ӣ ишқати валикин

Надорам дар фироқати мумиёи даст

Ба оби ҷавру собӯни ситамҳо

Яқин донам бишуст ӯ аз вафои даст

Муроди ман зи ҷонон васл бошад

Набошад бар муродами гўиёи даст

Макун бар умри чандон эътимодӣ

Надоди андари ҷаҳони касро бақои даст

Зкўаҳи ҳасанро фармон дамӣ кун

Чу дорад бар сари роҳати гадои даст

Мусулмонони маро аз хоки Кувайт

Чаҳ чора чун надодами тўтёи даст

Ҷаҳони бегонаи гашт аз хеши он рӯз

Ки зад бар домани он ошнои даст