Туро гесуи нигоро чун камандаст
Марои дил дар сари зулфат ба бандаст
Туро чашмон чу наргис пар хумораст
Лаби лаъли ту ширинтар з қандаст
Туро қиддӣсат ҳамчун сарви озод
Бар ӯ майли дили мо байн ки чандаст
Ба рӯй оташини ту нигоро
Дилу ҷони ҷаҳон бар вай сапандаст
Биҷуз ҷонӣ надорам дар ғами ту
зи лаълати бӯсае эй ҷон ба чандаст
Ҳаёт ҷовдон хоҳам ба васлат
Чу болои тавъам ҳиммат баландаст
Балои ҷони мо он зулф ва холаст
Ки моро дар чунин домӣ фикандаст