Марои рухсори ма рӯе писандаст

Ки аз зулфаши маро бӯе писандаст

Ба мо борӣ намеояд зи бади нек

Туро гар гуфт бадгӯӣ писандаст

Бигуфтам зулф ӯ гирами фародаст

Хато гуфтам маро бӯе писандаст

На буи ва рӯй бошад ҳосил аз дӯст

Ба дилбари хуй дилҷӯе писандаст

Дили ман дар хами чавгони зулфаш

Ба майдони ҷафо гӯйӣ писандаст

Фиғону нолау зории дарвеш

Агар бар ҳар сар кӯе писандаст

Туро аз ҷон ҷаҳон ҷӯяд ки ӯ ро

Ба чашми дил на ҳар рӯе писандаст