Сеӣ сарви марои болоблндст

Рахш чун оташ ва лабҳо чу қандаст

Рахш чун оташасту лаби пар аз қанд

Бар он оташи дил ва ҷонҳо сапандаст

Дар он зулфин пичопичи ёрам

Дили мискин чу мурғӣ пой бандаст

Хами тоқи ду абрӯяш камонаст

Сари зулфин пар чинаш камандаст

Танам аз бори ишқаш зор гашта

Дилам аз дард ҳиҷраш мустамандаст

Чаҳ пурсӣ ҳолам аз даврони ғаддор

Ҷафо бар ман фузун аз чун ва чандаст

Ҷаҳон аз орзӯӣ рӯй ҷонон

Ҷаҳониро зи пеш дил фикандаст