Ки он лаъли лаб нӯшин гузидаст

Ки меҳратро ба ҷон ва дил харидаст

Кунад манъи ман мискин бе дил

Касе кон рӯй маҳвашро надидаст

Бишуд умрӣ ки то он дилбар аз мо

Басони оҳӯӣ ваҳшӣ рамедаст

Магари оҳӯ ки машк ояд зи нофаш

Бигард кӯии он ма рӯ чаредаст

Ду дида дар рухи зебоаши бастам

Ки васлаши лаъли ҷонамро калидаст

Ниҳоли қоматам аз бори ҳиҷрон

Ба бустони фироқ ӯ хмидст

Касе ҳоли ман бе дили бидонад

Ки таъми шарбат ҳиҷрон чашидаст

Дилу дасти умеди ман яке рӯз

Гулӣ аз гулшан васлаш начедаст

Агарчӣ бор бисёрам ба дил ҳаст

Ҷаҳон дар кӯча ӣ ишқаш хазидаст