Шароби ҳиҷри ту бисёр хӯрдам
Ҳануз аз мастем дар сар хумораст
Ба васлами як замон бинавоз ёро
Ки моро бо ғами ишқ ту кораст
Макун зин беш бар ман ҷавру хорӣ
Ки ҷони ман зи ҳиҷрон ту зораст
Биҷуз некӣ намонад дар ҷаҳони ҳеҷ
Ту некӣ кун ки некӣ ёдгораст
Назар бар ҳасан сират ҳаст мо ро
Ба сӯратҳои бемаънӣ чаҳ кораст