Чу зулфи ту ҷаҳони бас бе қарораст
Напиндорӣ ки бо кас пойдораст
Ду зулфи саркаши раъноат бо мо
Чаро ошуфта ҳамчун рӯзгораст
Науфтодаст дар даст касе шод
Нигорӣ чун ту то даст ва нигораст
Ниёем дар шумор эй дӯст зон рӯй
Ки ошиқ дар ҷаҳонат бе шумораст
зи наргисҳои сармастати нигоро
Ҳануз андари сарат гӯйӣ хумораст
Баҳор омад з булбул бишинав ин савт
Ки ин мавсим ҳавоӣ созгораст
Ҷаҳон хуррам шуд аз боди баҳорӣ
Ки гӯйии хуррамӣ андар баҳораст