Дили ман дар сари зулфат ба домаст
Ба ишқати хоб дар чашмам ҳаромаст
Ҳавои зулфи ту пухтам хирад гуфт
Ки ин андеша аз савдоӣ хомаст
Касе ков бар рухи хубати нигоро
На ошиқи гашт ҳамчун ман кадомаст ?
Ба боғи ҷони мо ҳар сарви озод
Ба пеши қоматат бар вай қиёмаст
зи лаъл ҷон физойат бе насибам
Дуои давлатат бар ман давомаст
Назар фармо ки хоки роҳи гаштам
зи дилбари як назар бар мо тамомаст
Надорад бо ман он дилбари вафо лек
Ҷаҳон аз ҷону дил борӣ ғуломаст
Ту май доне ки бар ман рӯзи ҳиҷрон
Чу зулфи кофарати доим чу шомаст
Мазан санги фироқат бар дили ман
Ки равшани хотири ман ҳамчу ҷомаст
Агар коми ту душман комем буд
Туро эй ҷони ҷаҳони ҳоле ба комаст