Сабӯҳ рӯй ту бар мо давомаст

Шаби ҳиҷрони ту бар мо чу шомаст

Ҳронкў нест ошиқ бар ҷамолат

Дар ин олам бигӯ то худ кадомаст

Дили мискини ман ҳамчун кабӯтар

Ба шасти зулфи мҳрўён ба домаст

Табибами шарбатӣ аз пухта фармуд

Ки эй мискини туро савдоӣ хомаст

Аз он шарбат ки додам , дар қиёмат

Ҳанузам талхии ҳиҷрон ба комаст

зи ишқ рӯй чун хуршедат эй ҷон

Ду чашмам бар май ва мутриб мудомаст

зи ишқаш дар ҷаҳони бадноми гаштам

Ки ошиқро намедонад чаҳ номаст

Туро ҷузи ман басӣ дилдор бошад

Марои ғайр аз висоли ту чаҳ комаст

Агарчӣ фориғӣ аз ҳоли зорам

Дуои давлатат бар мо мудомаст

Биҳамдиллоҳ дар ин айёми давлат

Ки чархи тавсан бдхўӣ ромаст

Чаро хӯни дилам бар ту ҳалоласт

Чаро дар ишқи ту хобам ҳаромаст