Чаман бебулбул ва бегул ҳаромаст
Сабӯҳи он ба чашми мо чу шомаст
Ту аз ман гар наёрӣ ёди ҳаргиз
Чаро шавқи рахт ҷоно мудомаст
Агарчӣ хӯни мо бар ту ҳалоласт
зи ишқати хобу хур бар мо ҳаромаст
зи баси хӯнӣ ки хӯрдам дар фироқат
Марои хӯни дил аз дида ба ҷомаст
Дили мискини саргардони зи ишқат
Ба зулфи саркашати доим ба домаст
Бибастам дил ба зулфу холат эй ҷон
Яқин донам ки аз савдоӣ хомаст
Шудам хоки раҳат эй офтобам
зи лутфати як назар бар мо тамомаст
Надорам дар ҷаҳони бории паноҳӣ
Дили манро сар зулфат мақомаст
Ба бустон шод бигузар эй гули андом
Ки бар сарви чаман пешат қиёмаст