Рухи зебоаш маҳтобӣ тамомаст

Ду зулфашро ба рух тобӣ тамомаст

Ду чашм сархушаш мастасту махмур

Ба сармастии варо хобӣ тамомаст

Дили мискини моро дар раҳи ишқ

Ба ҷони ту ки асбобӣ тамомаст

Басӣ бобаст андари ишқи бозӣ

Ба васли ту маро бобӣ тамомаст

Дилами ошиқи бадв , меҳраш ба сари бор

Гули нами дидаро обӣ тамомаст

Ғариқи варта ӣ дарёии ҳиҷрон

Куҷо ёбад ки поёбӣ тамомаст

Ниёзи ман ба кӯяш ҳаст бисёр

Хами абрӯаш миҳробӣ тамомаст