Чун дида ба дидори ту муштоқ з ҷонаст
эй дида чаро рӯй ту аз дида ниҳонаст
Гарчи ту зи мо фориғ ва мо кушта ба ҳиҷрем
Лекини ҳамаи шаби ёди тавъами рӯҳ ва равонаст
Инсоф надорад дили сангини нигорин
Ков бо дгарон аз дил ва бо мобаҳ забонаст
Гар башнавад оҳӣ ки кашам аз дили маҳзун
Гуяд ба сари кӯии ман охир чаҳ фиғонаст
Ҳарчанд дуо гӯямаш ӯ рӯй битобад
Ёрб зи дуои маниши охир чаҳ зиёнаст
Аз нолау фарёд чаҳ ҳосили дили мо ро
Чун ҳоли ман хаста ба пеш ту аёнаст
Бо ин ҳама то саъй ва тавонист дилам ро
Ҷон медиҳад аз баҳри ту то ӯ ба ҷаҳонаст