Ба рӯзи бозпасин ва ба субҳгоҳи аласт

Ки зикру номи ту ҳамвора бар забон манаст

Ба хоки пои ту савганд метавонам хӯрд

Ки ғайр бод надорем аз ғамат дар даст

зи дидаи хӯн фироқам гушӯд бар рухи зард

Дар висол ба як бора бар рухами дарбаст

зи пеши дида чу бархест сару сими андом

Ниҳоли қомат ӯ дар ду чашм мо бинишаст

Маро ба бода чаҳ ҳоҷат буд ки дар ишқат

зи буии зулф ту ҳастем доимои сармаст