Ҷонам ба лаб расед зи дасти ҷафои дӯст

Умр азиз шуд ба сари андари вафои дӯст

Гар дӯсти ҷон талаб кунад аз ман фидоаши бод

Сар чун кашами ман эй дили мискини зрои дӯст

Дар қасди ҷони ман агар ӯро ризо буд

Хоҳам ба ҷони хештани аввали ризои дӯст

Ман дӯст хоҳам аз ду ҷаҳону хаёл ӯ

Худ дар ҷаҳон бигӯ чаҳ буд моварои дӯст

Хоҳам забони хеш чу теғу синон ки то

Гӯям ба субҳу шом чу булбули санои дӯст

Гар дар биҳишту равзаи марои ваъда Эй диҳанд

Бо дӯстгар буд ҳама хоҳам барои дӯст

Гар бар диласт ҷои ҳамаи дилбарон валек

Бошад миёни мардумаки дидаи ҷои дӯст

Султонии ҷаҳон агарам нест гӯ мабош

Хоҳам ба хоки кӯй ки бошам гадои дӯст

Гарчи накард ёди ман хаста аз карам

Холӣ нашуд забону дилам аз дуои дӯст

Гарчи ҷафои рӯ ба ман эй дили зи муддаӣ

Бояд ки нашунӯд ба ҷаҳони моҷарои дӯст