Дилами з рӯй чу хуршеди ту шикеб нест
Чаро ки хуштар аз он дар ҷаҳон тамошо нест
Ту сарви ҷону ҷаҳонӣ ва мо фитода ӣ хок
Бигӯ ба кӯй ки мелат чаро сӯй мо нест
Биёу рӯзи ҷавонӣ ба боди ғуссаи мада
Ки ҳоли гардиши ин чархи пер пайдо нест
Ғам ҷаҳон махӯр эй дил ки нест боистам
Муроди ҳеҷ каси андари ҷаҳон муҳайё нест
Ба бӯса Эй бинавозам ба лутфи хеши шабӣ
Марои зи лаъли лабат беш аз ин таманно нест
Ду рӯзаи умр ки дорӣ махӯр ғами имрӯз
Аз он ҷиҳат ки касеро умед фардо нест
Маро ба нур таҷаллӣаст дида ӣ бино
Забон бабанд ки бар зикри дӯст гуё нест
зи дарди ишқи ту эй дӯст ҳар шаб аз дида
Ки гуфт бо ту ҷаҳон дар миён дарё нест