Ҷузи ғам ба ҷаҳони насиб мо нест

Ҷузи ғусса касе қариб мо нест

Ҳастем муҳиби хоки кӯяш

Гӯйӣ ба ҷаҳони ҳабиб мо нест

Аз дард ба лаб расед ҷонам

Раҳмӣ ба дили табиб мо нест

Сад тӯтии хуши калом агар ҳаст

Хубяш чу андалеб мо нест

Дар ишқи рухи ту эй нигорин

Кас нест ки ӯ рақиб мо нест

Мискини дили ман ғарибу ошиқ

Кас нест ки ӯ рақиб мо нест

Бар хони висол ӯ басии кас

Ҳастанд вале насиб мо нест