эй дил чу ҷаҳон ба ком мо нест

Шаҳбози вафо ба дом мо нест

Вази шаҳди висоли он длором

Ҷузи заҳри ҷафо ба ҷом мо нест

Дар ҳар хати ошиқони рӯйиш

Дидем ба дидаи ном мо нест

Зони тавсани хуй ёр тундаст

Чун даври замонаи ром мо нест

Дарёб чу ихтиёри корам

Имрӯз чу дар зимом мо нест

Аз субҳи висоли он ситамгар

Зулфи сияҳаш чу шом мо нест

Аз чашми сиёҳи гӯшае гир

Чун кас чу маи тамом мо нест