Дило бо ишқ агарсозӣ аҷаб нест

Вагар дар ишқи сари бозӣ аҷаб нест

Чу ҷон дорам ман андари меҳрбонӣ

Агар бо мо ту дарсозӣ аҷаб нест

Агарчӣ дар гулистони сарви нозӣ

Ба болоят агар нозӣ аҷаб нест

Агар бо банда дарсозӣ худо ро

Чаҳ бошад аз ту дмсозӣ аҷаб нест

Ту султонӣ ва шоҳонт ғуломанд

Ба лутфамгар ту бинавозӣ аҷаб нест

Кбўтрўори сайди ишқи гаштам

зи мурғи ишқи шаҳбозӣ аҷаб нест

Ба дил гуфтам гирифторӣ ба зулфаш

Ба бандаш гуфт ҷони бозӣ аҷаб нест

зи тоб рӯй он хуршеди пайкар

Агар чун муми бгдозӣ аҷаб нест

Сабогар ҳоли ман гӯйӣ ба ёрам

Ҷаҳонро муҳаррами розӣ аҷаб нест