эй дил чаҳ чора чун ки ҷаҳон пойдор нест

Ҷузи дарду хӯни дида дар ин рӯзгор нест

Зинҳор ғам махӯр ту ба аҳволи рӯзгор

Зеро ки кору бори ҷаҳон бар қарор нест

Хуши дор хотират машав эй дили зи ғами малул

Кин даври чархро биҷузи ин кор ва бор нест

Ҷавру ҷафои чархи з ҳад рафт бар дилам

Охири кадоми дил ки аз ӯ бурдбор нест

Ҷон аз касе сетанду дил аз касе барад

Зинҳор бар мувофиқаташ эътибор нест

Барадии басои дилӣ ба қади сарв ва рӯй моҳ

Моро чу сарви ин ҳамаи дилҳо ба бор нест

Гар як шабӣ ба кулба аҳзон кунӣ гузар

Дар пои ту марои биҷуз аз ҷон нисор нест

Чандон сиришки дида ба роҳат фишонда ам

Каз оби дида ӣ ман мискин гузор нест

Ҷон дар фироқ рӯй ту омад ба лаби маро

Охир чаро ба васли туам ихтиёр нест