Марои ҷузи ишқи ту дар сар ҳавас нест
Маро аз дидан рӯй ту бас нест
Туро гар ҳаст бар ҷоем басии ёр
Ба ҷони ту ки моро ҷузи ту кас нест
Ба фарёди дили мискини мо рас
Ки ҷузи лутфи туам фарёдрас нест
Ба пои сабр то кӣ пос дорам
Чу бар васлати ҷаҳонро даст рас нест
?герат бар дил гузар ёбам чаҳ нуқсон
Ки ории баҳри Аммонро з хас нест
Ҳавои кӯии васлат бас баландаст
Ҷузи ин бози дили моро ҳавас нест
Ба рӯзи ҳиҷрат эй чашми ҷаҳони байн
Чу Ҷайҳуни ду чашми мо Арас нест