Ба дарди мо биҷуз аз васли ту даво хуш нест
Биё ки ҷонӣу ҷонами зи тани ҷудо хуш нест
Дареғи моҳи рахтро агар вафо будӣ
Чаро ки дилбари ма рӯй бевафо хуш нест
Ба ҷон расед дили ман зи ҷаври ҳиҷронат
Ҷафо макун снмо кин ҳамаи ҷафо хуш нест
Ҷафо агар чаҳ зи хубони тариқаи исти қадим
Нигор ман макун онро ки гўиё хуш нест
Кунанд ҷоҳилу нодони ҷафо ба халқ вале
Ситами зи Подшаҳи лутф бар гадо хуш нест
Агарчӣ боғ ва баҳорасту сабзаи хуррам
Ба ҷони дӯст ки ин ҷумла бе шумо хуш нест
зи дида гарчи шудӣ давр дар ду дидаи ман
Ба ғайри хоки кафи поти тўтё хуш нест
Магар ки нест хушӣ дар баҳору тўФи чаман
Агар хушаст худоро маро чаро хуш нест
Биё ки бе ту ҷаҳон нохушаст бар дили ман
Агар хушаст туро бе ҷаҳони маро хуш нест