Ҷузи лутфи ту ҷоно ба ҷаҳони ҳеҷ касам нест

Фарёдрасами зуд ки фарёдрасам нест

Чун булбули шӯридаи манам ошиқи рӯйиш

Дарбандаму нолону халос аз қафасам нест

Аз ҷон ба ҳавои сари Кувайти шабу рӯзам

Ҷуз дидан рӯй ту ба олам ҳавасам нест

Аз меҳнати ҳиҷрони ту чун ҷон ба лаб омад

Бар давлати васли ту чаро даст расм нест

Дар роҳи биёбони тавъам чун шутури маст

Қатъан хабар аз роҳу зи бонг ҷарасам нест

эй каъбаи мақсӯд агар давр фитодӣ

Чндонкаҳи рӯм дар раҳи ишқи ту бисми нест

Зинҳор ба фарёди ман хастаи ҷигари рас

Зон рӯй ки ҷузи лутфи ту эй дӯст касам нест