Моро ба ғайри лутфи ту шоҳо паноҳ нест

Зеро ки бандае чу ман ва чун ту шоҳ нест

Чун поймол ишқ шудам дар ғами фироқ

Охир чаро ба васли тавъам дастгоҳ нест

Дардам ба дил расед чаро эй табиби ман

Як дам ба сӯии хастаи длонт нигоҳ нест

Моро зи дасти ҳиҷри ту сармоя дар ҷаҳон

Ҷузи хӯни дида бар руху ранг чу коҳ нест

Моием бегуноҳу гунаҳи кори пеши ту

Шукри онкии ғайри ишқи ту моро гуноҳ нест

Гум шуд дилами зи дасту яқинам ки ҷои дил

Беруни зи турра ӣ сари зулф сиёҳ нест

Аз чашми ман хаёли рух ту наме равад

Моро ба ғайри мардуми дида гувоҳ нест

Ҷоно чаҳ шуд чаҳ буд чаҳ кардам ки бе сабаб

Моро ба гулистони висоли ту роҳ нест