Марои дръшқи ту хоб ва хурӣ нест

Биҷузи ту дар ҷаҳонам дилбарӣ нест

Туро бар ҷой ман бошад басии кас

Маро бар ҷоят эй ҷон дилбарӣ нест

Агарчӣ саркашӣ чун сарв аз мо

Маро дар пои ту ғайр сиррӣ нест

намедонам биҷузи кӯии ту роҳӣ

Биҷузи даргоҳи ту моро дарӣ нест

Ба дарёии фироқат эй длором

Ба ғайр аз ашки чашмам гавҳарӣ нест

зи рӯз аввалат гуфтам нигоро

Ки шабҳои ғаматро охирӣ нест

Чу симоби сиришкам дар ҷаҳони кӯ

Чу ранг рӯй зарди ман зарӣ нест

Ба оби дидаи прўрдмти лекин

Дарахти боғи васлатро барӣ нест

Назар фармо ба ҳоли зорам эй ҷон

Ки чун ман дар ҷаҳонат чокарӣ нест