Аз ҳоли парешони ман ӯро хабарӣ нест
ё ҳаст ва бар аҳволи ҷаҳонаш назарӣ нест
Тири ғами ту дар сипари ҷон чу гузар кард
Бар хок дарат беҳтар аз ин ҷон сипарӣ нест
Мо ҷону дили дида ба роҳ ту ниҳодем
Бигузар [ ту ки ] дигар ба аз ин раҳгузарӣ нест
Гуфтанд ки дорад асарии оҳи дили риш
Фарёд ки оҳи дили моро асарӣ нест
Бори ғами ту бар дил бечора ҷаҳонаст
Кин бори зи гӯии ғамат ӯро сафарӣ нест
Гуфтам ки кунам ҷон ба фидоӣ қидмат гуфт
Моро сару пурвои чунин мухтасарӣ нест
Гӯйанд ки шабро саҳарӣ ҳаст худо ро
Ин тираи шаби ҳиҷри туро худ саҳарӣ нест
Ҳар кас ба касе баради паноҳ ва дар махлуқ
Моро биҷуз аз даргаи лутфи ту дарӣ нест
Аз сар нануҳум ишқу зи по гар биншинам
Бар хок дар дӯст чу шуд ғайр сиррӣ нест
Дилбар ба ҷаҳон ҳаст вале дар ду ҷаҳонам
Мушкил терм инаст ки чун ту дгарӣ нест